У канала Dojraru более 20 тысяч подписчиков

Смотрите клип на песню Далера Назарова Буса

Не пропустите песню!

Фильмы и клипы > Лоик. Кулбаи модарам. Поёт Афзалшох Сафарзода. Клип

Лоик. Кулбаи модарам. Поёт Афзалшох Сафарзода. Клип


 

Поёт Афзалшох Сафарзода, студент Таджикской национальной консерватории (продолжает образование в Ankara Music and Fine Arts). Стихи - Лоик Шерали. Музыка - Галина Родионова.
Афзалшох    • Афзалшох Сафарзода  
Ин шаби туршрӯи боронӣ
Кулбаи модарам ба ёд омад.
Боми ӯ мечакад зи боронҳо,
Дар дилам оламе ба дод омад.
Дар чунин кулбаи фақирона
Бо дили рост модарам дорост.
Кӯдаконаш ба ҳар куҷо рафтанд,
Монда дар кунҷи хонае танҳост.
Ширбӯ дастҳои ӯ шабҳо
Ба сарам нарм-нарм мелағжид.
Бесухан пилкҳои чашми маро
Ба сари панҷаҳош мемолид.
Чи қадар дар дилам таманно буд,
Лек аз содагӣ намегуфтам.
Ҳамчунон дасти ӯ ба рӯи дилам
Вассаҳоро шумурда мехуфтам.
Модарам!
Модари биҳиштиям!
Ҷои ту дар биҳишт таъйин аст,
Лек ҳоло, ки мечакад бомат,
Ман надонам чӣ рӯзи сангин аст.
Модарам! Модари биҳиштиям!
Осмон боиси чӣ гирён аст?
Ашки ту бас набуд, ки дар дунё
Боз борону боз борон аст?..